Боздиди коршиносони байналмилалӣ ва ҳамоҳангсози миллии АБНА дар Тоҷикистон аз Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон дар доираи татбиқи лоиҳаи нав
Санаи 2 июни соли равон, ҳайати коршиносони АБНА ва ҳамоҳангсози милли АБНА дар Тоҷикистон – Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ аз Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон боздид карданд. Боздид дар доираи татбиқи лоиҳаи нави ҳамкорӣ оид ба беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморони гирифтори саратон сурат гирифт.
Дар ҷараёни сафар коршиносон бо роҳбарият ва кормандони Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон вохӯрданд. Онҳо аз шуруъ намудани лоиҳаи бинои шуъбаи ташхисию табобатӣ, шуъбаҳои ҷории маркази мазкур, инчунин шароити беморон дидан карданд. Ҳадафи асосии боздид – арзёбии имкониятҳои ҷорӣ, муайян кардани ниёзҳои техникӣ ва ташкилӣ, инчунин таҳияи нақшаи муштараки корҳо барои солҳои минбаъда мебошад.
Лоиҳаи нав ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
- Омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ дар марказҳои байналмилалӣ;
- Таъмини Марказ бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ;
- Ҷорӣ намудани низомҳои бойгонии электронӣ.
Лоиҳаи мазкур бо дастгирии шуъбаи техникии АБНА татбиқ карда мешавад ва дар марҳилаи аввал то охири соли 2027 идома хоҳад ёфт.